ЛАВҲИ МАРЯМ (#14616)

Ҳув! Марямо! Исии ҷон биломакон уруҷ намуд, Қафаси Вуҷуд аз Тайри Маҳмуд холӣ монд ва Булбули қедам ба саҳрои адам ру намуд ва Андалеби Илоҳӣ бар Сидраи Раббонӣ ба хуруш омад.
Суродиқи Иззат бардарид, ва Ҳумои Рафъат аз шохсори баҳҷат барпарид,
Афлокҳои баланд бар хоки тира биншаст ва наъраҳо аз дили пурдард бархост,
Оби гуворо ба хун табдил шуд, ва Саҳни Фирдавси Барин ба хун омехта,
Бале, тири қазои Илоҳиро синаи мунири дустон лоиқ ва каманди балои номутаноҳиро гардани ошиқон шоиқ, 
Ҳар куҷо хадангест бар садри аҳбоб ворид ояд, ва ҳар ҷо ғамест бар дили асҳоб нозил гардад, ошиқонро чашм тар бояд, ва маъшуқонро ноз ва карашма шояд, ҳабиб агар сад нола сарояд Маҳбуб бар ҷафо бияфзояд. 
Агар Шарбати Висол хоҳӣ, тан ба завол дардеҳ, ва агар Хамри Ҷамол талабӣ, бар водии ҳирмон по неҳ.
Марямо, ҳузнро ба сурур бичаш, ва ғамро аз ҷоми фараҳ даркаш, агар хоҳӣ қадам дар кӯи талаб гузорӣ, собир бош ва рухро махарош, ва об аз дида мапош, ва аз бесаброн мабош. Пироҳани таслим бипӯш ва аз бодаи ризо бинӯш ва оламеро ба дирҳаме бифурӯш. Дилро ба қазо барбанд ва ба ҳукми қадар пайванд, чашми ибрат баркушо ва аз ғайри Дӯст дарпӯш, ки анқариб дар Мазҳари Қудс ҳалқа занем ва ба Ҳазрати Унс рӯ орем, ва аз барбати Ироқ нағмаи  Ҳиҷозӣ бишнавем ва бо Дуст мулҳақ шавем, ногуфтанӣ бигӯем ва нодиданӣ бибинем, ва ношуниданӣ бишнавем ва ба оҳанги нур Ҳайкали Руҳро ба рақс оварем.
Ва дар ҳарими ҷон базми хушӣ биёроем, ва аз Соқии Ҷалол соғари ҷамол баргирем, ва ба ёди Рухи Зилҷалол Хамри Бемисол дарнӯшем. Чашмро аз об пок кун, ва дилро аз ҳузн бируб, ва қалбро аз ғам фориғ намо ва ба оҳанги малеҳ бархон: 
Гар теғ борад дар кӯи он Моҳ,
Гардан наҳодем ал ҳукму Лиллоҳ.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

